Skip to content

"Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо".

«حُجِبَتِ النَّارُ بِالشَّهَوَاتِ، وَحُجِبَتِ الْجَنَّةُ بِالْمَكَارِهِ».

Ривояти Бухорӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки дӯзах бо чизҳое иҳота шудааст, ки нафси инсон ба он майл дорад, монанди корҳои ҳаром ва кӯтоҳӣ дар анҷоми воҷибот. Бинобар ин ҳар касе пайравӣ аз ҳаво ва нафси худ кунад сазовори дӯзах мегардад, Биҳишт бо чизҳое иҳота шудааст, ки нафси инсониро аз он хӯш намеояд, ба монанди сабр дар анҷоми амалҳо ва даст кашидан аз ҳаром. Пас ҳар касе талош варзад то худро аз он боздорад, сазовори дохил шудан ба биҳишт мегардад.

Маънои калимаҳо

حُجبت: حُفت وأُحيطت.

Аз фоидаҳои ҳадис

Яке аз сабабҳои воқеъ шудан дар шаҳватҳо, зебо ҷилва додани амалҳои зишту мункар аз ҷониби шайтон аст, то нафси инсон ба он бештар майл кунад.

Фармони дурӣ аз ҳавову ҳавасҳое, ки шариат ҳаром гардонидааст, зеро он роҳе аст ба сӯи ҷаҳаннам, ва сабр бар сахтиҳо, ки он роҳе ба сӯи биҳишт аст.

Фазилати ҷиҳод бо нафс, ва талош дар анҷоми ибодатҳо ва сабр бар сахтӣ ва машаққатҳое, ки атрофи ибодатҳоро фаро гирифтаанд.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 102) (6487).

Саҳеҳ Муслим (4/ 2174) (2822).

Сунани Абудовуд (7/ 122) (4744).

Сунани Тирмизӣ (4/ 274) (2560).

Сунани Насоӣ (7/ 3) (3763).

Бештар (10)

كنوز رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (2/ 449).

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (2/ 87).

المنهاج شرح صحيح مسلم بن الحجاج.

للنووي (17/ 165).

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (1/ 183).

نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.

لمصطفى الخِن وغيره (1/ 134).