Skip to content
Феҳристи сураҳо /

نُوح

نُوح is chapter 71 of the Quran and has 28 verses. This page presents it in full in the Uthmani script, with a verse-by-verse translation of its meaning.

28 Оятҳо Рақами сура 71
Гузаштан ба оят
Тоҷикӣ · Arifi
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرۡ قَوۡمَكَ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Бе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон]

قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٌ

[Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам

أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ

Ки Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед

يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُؤَخِّرۡكُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمًّىۚ إِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ إِذَا جَآءَ لَا يُؤَخَّرُۚ لَوۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

[Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед»

قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوۡتُ قَوۡمِي لَيۡلٗا وَنَهَارٗا

Ва Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам