Skip to content

Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст".

Аз Бурайда ибни Ҳасиб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки фармуд:

Барои адои намози аср барвақт биёед, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст".

بَكِّرُوا بِصَلَاةِ الْعَصْرِ، فَإِنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «مَنْ تَرَكَ صَلَاةَ الْعَصْرِ فَقَدْ حَبِطَ عَمَلُهُ».

Ривояти Бухорӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қасдан ба таъхир гузоштани намози аср ҳушдор дода баён намудаанд, ки ҳар кӣ ин корро анҷом диҳад, амалаш ботилу фосид ва табоҳ гаштааст.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Ташвиқ ба адо кардани намози аср дар аввали вақт ва пешқадам будан дар анҷоми он.

Таҳдиди сахт барои касоне, ки намози асрро тарк мекунанд, гуноҳи анҷом надодани намози аср дар вақти худ бузургтар аз дигар намозҳо аст, зеро намози аср ҳамон намози вусто (миёна) аст, ки ба вижа дар ояти зер зикр шудааст: "[Эй мусулмонон] бар [анҷоми] ҳама намозҳо ва [ба хусус] намози аср кӯшо бошед [саъю талош кунед] ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ Таъоло ба по хезед" (Сураи Бақара: 238)

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 115) (553).

Муснади Аҳмад (38/ 152) (23045).

Бештар (9)

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (5/ 56).

نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.

لمصطفى الخِن وغيره (2/ 777).

فيض القدير شرح الجامع الصغير (3/ 206).

بهجة الناظرين.

لسليم الهلالي (2/ 260).

تطريز رياض الصالحين.

لفيصل آل مبارك (ص614).