Skip to content

"Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад".

«مَا نَقَصَتْ صَدَقَةٌ مِنْ مَالٍ، وَمَا زَادَ اللهُ عَبْدًا بِعَفْوٍ إِلَّا عِزًّا، وَمَا تَوَاضَعَ أَحَدٌ لِلهِ إِلَّا رَفَعَهُ اللهُ».

Ривояти Муслим
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки садақа молро кам намекунад, балки офат ва бадиҳоро дур месозад ва Худованд дар ивази он ба ӯ хайри бузург медиҳад, пас дар садақа афзоиш аст, на коҳиш. Бахшиш дар ҳоли қодир будан барои бозхост ё интиқом, чизе ҷуз қувват ва иззатро намеафзояд. Касе на барои тарс аз касе ва на барои мадоро бо касе ва на барои манфиатталабӣ ва танҳо барои ризои Худованд фурӯтанӣ мекунад Ӯ Таъоло ба ӯ ҷойгоҳи баланд ва иззат медиҳад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Хайру саодат ва комёбӣ дар риоя кардани қавонини шариат ва анҷоми амалҳои нек аст, агарчи бархе хилофи онро гумон кунанд.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (4/ 2001) (2588).

Бештар (8)

توضيح الأحكام من بلوغ المرام.

للبسام (7/ 501).

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (10/ 354).

فتح ذي الجلال والإكرام.

لابن عثيمين (6/ 438).

سبل السلام بشرح بلوغ المرام.

للصنعاني (2/ 692).