"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]".
Аз Абумуҳаммад, Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб, набераи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва наваи дӯстдоштаи ӯ ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ёд дорам, ки фармуд:
"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]".
«دَعْ مَا يَرِيبُك إلَى مَا لَا يَرِيبُكَ».
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр фармуданд, ки инсон бояд чизеро, ки дар ҳалол ё ҳаром буданаш шакку шубҳа дорад, аз гуфтор ё кирдор, тарк кунад ва ба он чи ки шак надорад ва аз ҳалол буданаш мутмаин аст, рӯй оварад.
Барои як мусалмон лозим аст, ки корҳо ва амалашро бар асоси яқин бино кунад, на бар шубҳа. Ва бояд дар дини худ бо фаҳми равшан ва дониш амал намояд.
Наҳй аз воқеъ шудан дар чизҳои шубҳанок.
Агар оромии дил ва роҳатии хотир мехоҳӣ, пас чизҳои машкукро тарк кун ва онро канор гузор.
Аз раҳмату меҳрубонии Аллоҳ Таъоло нисбат ба бандагонаш аст, ки онҳоро ба чизҳое амр намудааст, ки боиси оромии нафс ва хотир мешавад ва онҳоро аз он чи боиси ташвиш ва саргардонӣ мешавад, манъ намудааст.
Сунани Насоӣ (8/ 327) (5711).
Сунани Тирмизӣ (4/ 286) (2518).
Муснади Аҳмад (3/ 248) (1723).
Бештар (5)
التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية.
لإسماعيل الأنصاري (ص29).
شرح الأربعين النووية.
لابن عثيمين (ص153).
فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين للنووي وابن رجب (ص56).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
7 Китобҳо- Таҳқиқ ва тавзеҳи бисёре аз масоили ҳаҷ, умра ва зиёрат дар партави Китобу Суннатالتحقيق والإيضاح لكثير من مسائل الحج والعمرة والزيارة - النسخة المعتمدة"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]" [43].
- Ду рисолаи мухтасар дар бораи закот ва рӯзаفي فضل صيام رمضان وقيامه "Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]."[11]
Бештар (5)
- الخطب المنبريةموسوعة الخطب المنبرية (القسم الثالث)«دَعْ مَا يَرِيبُكَ إِلَى مَا لَا يَرِيبُكَ»
- رياض الصالحينرياض الصالحين مع فوائد وهدايات - 3«دَعْ مَا يرِيبُكَ إلىٰ مَا لا يرِيبُكَ».
- مجموعة زاد التربية الإسلامية (2)1«دعْ ما يريبُك إلى ما لا يريبُك».
- مجموعة زاد الحديث(2)1قُلْتُ لِلْحَسَنِ بْنِ عَلِيٍّ رضي الله عنهما: مَا حَفِظْتَ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ ﷺ ؟ قَالَ: حَفِظْتُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ ﷺ :«دَعْ مَا يَرِيبُكَ إِلَى مَا لَا يَرِيبُكَ»
- مجموعة زاد الحديث(2)1(دَعْ مَا يَرِيبُكَ إِلَى مَا لَا يَرِيبُكَ...)