Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

6 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Агар касе аз шумо дар шикамаш чизеро эҳсос кард ва барояш савол пеш омад, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шуд ё не? Пас аз масҷид берун нашавад, то ин ки садое шунавад ё бӯе эҳсос кунад."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад".
Саҳеҳ Ривояти Ибни Ҳиббон
"Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Насоӣ ва Аҳмад
"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Насоӣ
"(Дар дини ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест".
Ҳасан Ривояти Ибни Моҷаҳ ва Дорақутнӣ ва дигарон ба таври муснад.
"На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад".
Саҳеҳ ба шоҳидҳояш Ривояти Дориқутнӣ