"Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст, онҳо касоне ҳастанд, ки дар қазоват, дар мавриди аҳли худ ва дар масъулияти худ адолат меварзанд".
«إِنَّ الْمُقْسِطِينَ عِنْدَ اللهِ عَلَى مَنَابِرَ مِنْ نُورٍ، عَنْ يَمِينِ الرَّحْمَنِ عَزَّ وَجَلَّ، وَكِلْتَا يَدَيْهِ يَمِينٌ، الَّذِينَ يَعْدِلُونَ فِي حُكْمِهِمْ وَأَهْلِيهِمْ وَمَا وَلُوا».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, онон, ки бар зердастон ва хонаводаи худ адолатро пеша мекунанд, барои гиромидошт онҳо дар рӯзи қиёмат бар минбарҳои баланд, ки аз нур офарида шудаанд, хоҳанд нишаст. Ин минбарҳо дар самти рости Парвардигор қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ субҳонаҳу ва Таъоло рост аст.
المقسطين: العادلين.
في حكمهم: في قضائهم.
ما وَلُوا: الذي كانت لهم عليه ولاية.
Фазилати адолат ва ташвиқ ба он.
Адолат як амри ҳамашумул аст, ки тамоми ҳолатҳо ва ҳукмҳои байни мардум, ҳатто байни зану фарзандон ва ғайраро дарбар мегирад.
Баёни ҷойгоҳи одилон дар рӯзи қиёмат.
Ҷойгоҳ ва манзилат ҳар яке аҳли имон дар рӯзи қиёмат бар асоси аъмолаш аст.
Равиши ташвиқ кардан яке аз усулҳои даъват аст, ки шахси даъватшавандаро ба тоат ташвиқ мекунад.
Саҳеҳ Муслим (3/ 1458) (1827).
Бештар (10)
نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.
لمجموعة من الباحثين (1/ 547).
تطريز رياض الصالحين.
لفيصل المبارك (ص428).
كنوز رياض الصالحين.
لمجموعة من الباحثين (9/ 314).
بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.
لسليم الهلالي (1/ 710).
شرح رياض الصالحين.
لابن عثيمين (3/ 640).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
3 КитобҳоБештар (3)
- رياض الصالحينرياض الصالحين مع فوائد وهدايات - 3«إِنَّ الْمُقْسِطِينَ عِنْدَ الله عَلىٰ مَنَابِرَ مِنْ نُورٍ: الَّذِينَ يَعْدِلُونَ في حُكْمِهِمْ وأَهْلِيهِمْ وَمَا وَلُوا».
- موسوعة الإيمان«إِنَّ الْمُقْسِطِينَ عِنْدَ اللهِ عَلَى مَنَابِرَ مِنْ نُورٍ عَنْ يَمِينِ الرَّحْمَنِ عز وجل، وَكِلْتَا يَدَيْهِ يَمِينٌ، الَّذِينَ يَعْدِلُونَ فِي حُكْمِهِمْ وَأَهْلِيهِمْ وَمَا وَلُوا».
- نبراس طالب (1)1«إِنَّ المُقْسِطِينَ عِنْدَ اللهِ عَلَى مَنَابِرَ مِنْ نُورٍ... الَّذينَ يَعْدِلُونَ في حُكْمِهِمْ وَأَهْلِيهِمِ وَمَا وَلُوا»