" Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд".
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
" Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд".
«لَا تَسُبُّوا الْأَمْوَاتَ، فَإِنَّهُمْ قَدْ أَفْضَوْا إِلَى مَا قَدَّمُوا».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳукми дашном ва носазо гуфтан ба мурдагон ва таън бар обрӯйи ононро баён фармуда ин амалро берун аз ахлоқи мусалмон донистаанд, зеро онон ба натиҷаи аъмоли худ - чи хуб буд ва ё бад - расидаанд ва бадгӯӣ ба онон намерасад балки он танҳо як озор ба зиндагон аст.
أفضوا إلى ما قدموا : صاروا إلى ما قدموا من أعمالهم.
Ин ҳадис далел бар ҳаром будани дашном ва носазо гуфтан ба мурдагон аст.
Тарк ва худдорӣ аз дашном ба мурдагон барои дар назар гирифтани зиндагон ва ҳифзи ҷомеа аз душманӣ ва кинаварзӣ аст.
Ҳикмати наҳй аз дашном ба мурдагон ин аст, ки онҳо ба натиҷаи аъмолашон расидаанд ва дигар дашном додан ба онон суд нахоҳад бахшид, балки сабаби озори наздикони онҳо ки зинда ҳастанд, мегардад.
Инсон набояд ончи дар он манфиат набошад ба забон орад.
Саҳеҳ Бухорӣ (2/ 104) (1393).
Бештар (6)
فتح ذي الجلال والاكرام بشرح بلوغ المرام.
لابن عثيمين (2/ 631).
منحة العلام في شرح بلوغ المرام.
لعبد الله الفوزان (4/ 385).
توضيح الأحكام من بلوغ المرام.
للبسام (3/ 277).