"Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек назди Худованд маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад". Яъне: рӯзҳои даҳгона
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек назди Худованд маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад". Яъне: рӯзҳои даҳгона (Даҳаи моҳи зилҳиҷҷа), гуфтанд: эй Расули Аллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуд: "Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки бо ҷону молаш дар роҳи Худо баромад ва чизе аз онро барнагардонид".
«ما مِنْ أيَّامٍ العمَلُ الصَّالِحُ فيها أحبُّ إلى اللهِ مِن هذه الأيام» يعني أيامَ العشر، قالوا: يا رسُولَ الله، ولا الجهادُ في سبيلِ الله؟ قال: «ولا الجهادُ في سبيلِ الله، إلا رجلٌ خَرَجَ بنفسِه ومالِه فلم يَرْجِعْ من ذلك بشيءٍ».
Паёмбар (Салому дуруди аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки амали нек дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа беҳтар аз дигар рӯзҳои сол аст. Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ҷиҳод дар рӯзҳои ғайр аз ин даҳа пурсиданд, ки оё он беҳтар аст ё амалҳои нек дар ин рӯзҳо? Чун онҳо бар ин буданд, ки, ҷиҳод аз беҳтарин амалҳо аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух гуфтанд: амали нек дар ин рӯзҳо беҳтар аз ҷиҳод дар рӯзҳои дигар аст, магар марде, ки ба ҷиҳод баромад ва ҷону моли худро дар роҳи Аллоҳ фидо намуд. Ин аст ягона амал, ки бар дигар амалҳо дар рӯзҳои мазкур бартарӣ дорад.
الجهاد: هو مقاتلة الكفار لإبلاغ دين الله تعالى للناس أو للدفاع عن الإسلام وأهله.
Фазилати амали нек дар даҳаи зулҳиҷҷа. Бинобарин мусалмон бояд ин рӯзҳоро ғанимат дониста то метавонад бештар ибодат намояд, аз ҷумла зикри Аллоҳ, Қуръон хондан, такбиру таҳлилу ҳамду сано гуфтан, намоз хондан, рӯза гирифтан, садақа додан ва амалҳои неки дигар анҷом додан.
Саҳеҳ Бухорӣ (2/ 20) (969).
Сунани Абудовуд (4/ 102) (2438).
Бештар (12)
فتح الباري بشرح صحيح البخاري.
لابن حجر (2/ 459).
تطريز رياض الصالحين.
لفيصل آل المبارك (ص699).
شرح رياض الصالحين.
لابن عثيمين (5/ 301).
نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.
لمصطفى الخِن وغيره (1/ 884).
كنوز رياض الصالحين.
لمجموعة من الباحثين (15/ 234).
بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.
لسليم الهلالي (2/ 382).