"Нафратовартарин мардум назди Аллоҳ, кинатузтарини хусуматгаронанд"
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Нафратовартарин мардум назди Аллоҳ, кинатузтарини хусуматгаронанд"
«إِنَّ أَبْغَضَ الرِّجَالِ إِلَى اللهِ الْأَلَدُّ الْخَصِمُ».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки Аллоҳ Таборак ва Таъоло аз миёни мардумон ба касе бештар нафрат дорад, ки бисёр хусуматгар аст, ҳақиқатро намепазирад, талош мекунад бо ҷангу ҷидол ҳақиқатро бартараф кунад, ё дар низоъ ҳақ бо ӯст аммо дар баҳс ба андозае муболиға ва зиёдаравӣ мекунад, ки аз ҳадди эътидол берун меравад ва бидуни илм баҳс ва мунозира мекунад.
...:
Даъво ва талаби ҳуқуқи ситамдида тавассути додхоҳии шаръӣ ва қонунӣ аз ҷумлаи даъвоҳои мазмума қарор намегирад.
Баҳс ва хусумат аз офатҳои забонӣ аст, ки боиси тафриқа ва низоъ миёни мусалмонон мешавад.
Баҳс ва даъво ба шеваи нек ва талаби ҳақиқат бошад нек аст, аммо агар барои инкори ҳақ ва таъйиди ботил ва ё бидуни далелу ҳуҷҷат бошад ғайри қобили қабул аст.
Саҳеҳ Бухорӣ (3/ 131) (2457).
Саҳеҳ Муслим (4/ 2054) (2668).
Бештар (8)
توضيح الأحكام من بلوغ المرام.
للبسام (7/ 476).
منحة العلام في شرح بلوغ المرام.
لعبد الله الفوزان (10/ 308).
فتح ذي الجلال والإكرام.
لابن عثيمين (6/ 416).
سبل السلام بشرح بلوغ المرام.
للصنعاني (2/ 685).