Skip to content

"Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст

Аз Абуяъло Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд:

"Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".

«إِنَّ اللهَ كَتَبَ الْإِحْسَانَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ، فَإِذَا قَتَلْتُمْ فَأَحْسِنُوا القِتْلَةَ، وَإِذَا ذَبَحْتُمْ فَأَحْسِنُوا الذِّبْحَةَ، وَلْيُحِدَّ أَحَدُكُمْ شَفْرَتَهُ، وَلْيُرِحْ ذَبِيحَتَهُ».

Ривояти Муслим
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд эҳсон дар ҳама чизро бароямон воҷиб гардонидааст, ва эҳсон иборат аст аз: муроқибати ҳамешагии Худованд бар ибодати мо, бар анҷоми амалҳои нек ва даст бардоштан аз озор ва азияти тамоми махлуқот, ки ҳатто дар забҳи чорво эҳсон бояд дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар қасос ин аст, ки: осонтарину сабуктарин ва камдардтарин равиши қатл дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар забҳ ин аст, ки: ҳамчун шафқат ба чорво корди тез интихоб кунад, кордро дур аз чашми чорво тез кунад ва пеши чашми чорвои дигар забҳ накунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Шафқат ва меҳрубонии Худованд бар махлуқот.

Эҳсон дар қатл ва забҳ ин аст, ки ба ваҷҳи машрӯъ анҷом дода шавад.

Камоли шариат ва ҳамашумулии он бар тамоми аъмоли хайр, аз ҷумла шафқат ва меҳрубонӣ бар ҳайвонот.

Наҳй аз мусла (буридани гӯшу бинӣ ва ё дасту пои мурда).

Ҳар ончи боиси озор ва шиканҷаи ҳайвон мешавад ҳаром аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (3/ 1548) (1955).

Бештар (8)

التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثا النووية (ص38).

شرح الأربعين النووية.

لابن عثيمين (ص185).

فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين.

للعباد (ص65).

فتح الباري.

لابن حجر (9/ 644).

شرح النووي على مسلم (13/ 107).