Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

81 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ].
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
«Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Марде ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: маро насиҳат кун. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун". Он мард чанд бор аз Паёмбар насиҳат хост, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсидам, фармуданд: "Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кори нек садақа аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ аз ҳадиси Ҷобир ва ривояти Муслим аз ҳадиси Ҳузайфа