عربي - Arabic English Qafár af - Afar Afrikaans - Afrikanns Akan Shqip - Albanian አማርኛ - Amharic Հայերեն - Armenian অসমীয়া - Assamese Azərbaycanca - Azerbaijani Bamanankan - Bambara Bassa Bemba বাংলা - Bengali Bosanski - Bosnian Български - Bulgarian မြန်မာဘာသာ - Burmese Bisaya - Cebuano Cham Нохчий - Chechen chiCheŵa - Chewa 中文 - Chinese Адыгэбзэ - Circassian Hrvatski - Croatian Česky - Czech Dagbani Dansk - Danish فارسی دری - Dari Dendi ދިވެހި ބަސް - Dhivehi Nederlands - Dutch إستوني - Estonian Suomi - Finnish Français - French Fulfulde - Fula ქართული - Georgian Deutsch - German Ελληνικά - Greek ગુજરાતી - Gujrati Kreyòl ayisyen - Haitian Creole Hausa हिन्दी - Hindi Magyar - Hungarian Igbo Indonesia - Indonesian Italiano - Italian 日本語 - Japanese Jóola - Jola ಕನ್ನಡ - Kannada Қазақша - Kazakh ភាសាខ្មែរ - Khmer Kikuyu Ikinyarwanda - Kinyarwanda Ikirundi - Kirundi 한국어 - Korean كوردی سۆرانی - kurdish كوردي kurmancî - Kurmanji Kyrgyz ລາວ - Lao latviešu - Latvian Lingala lietuvių - Lithuanian Luganda Македонски - Macedonian Maguindanaon Malagasy - Malagasy Bahasa Melayu - Malay മലയാളം - Malayalam Mandinka मराठी - Marathi Mõõré - Moore नेपाली - Nepali أنكو - NKo Norwegian ଓଡ଼ିଆ - Odia oromoo - Oromo پښتو - Pashto فارسی - Persian Polski - Polish Portuguese ਪੰਜਾਬੀ - Punjabi Română - Romanian Русский - Russian Српски - Serbian Shona සිංහල - Sinhala Slovenščina - Slovenian Soomaaliga - Somali Soninke Sesotho - Sotho Español - Spanish Kiswahili - Swahili Svenska - Swedish Tagalog Тоҷикӣ - Tajik தமிழ் - Tamil తెలుగు - Telugu ไทย - Thai ትግረኛ - Tigrinya Türkçe - Turkish Ukrainian اردو - Urdu ئۇيغۇرچە - Uyghur Ўзбек - Uzbek Việt Nam - Vietnamese Wolof Yao Yorùbá - Yoruba Zarma زولو - Zulu
287 Ҳадисҳо
Донишномаи аҳодиси набавӣ
Категорияҳо
Дараҷаи ҳадис
Ривоят шуда дар
Намоиши манбаъҳои дигар
Ровӣ
Намоиши ҳамаи ровиён (13)
"Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед. Ба он сахт чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ нигоҳ доред. Ва аз корҳои навпайдо (дар дин) эҳтиёт кунед, зеро ҳар бидъате гумроҳист".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ
"Ба дурустӣ, аз ман дар бораи амри бузурге пурсидӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад: Худоро ибодат кунӣ ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рӯза бидорӣ; ва Хонаро ҳаҷ бикунӣ». Сипас гуфт: «Оё туро ба дарҳои хайр далолат кунам?: Рӯза сипар аст (ки рӯзадорро аз азоби дӯзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне, ки об оташро хомӯш месозад; ва (дигаре аз дарҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ширинро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд) [Саҷда, 32: 16]. Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Паёмбари Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кӯшиш барои пешрафти дин аст». Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй Паёмбари Худо, оё барои он чи мо мегӯем, накӯҳиш карда мешавем?" Сипас гуфт: «Модарат аз ту ҷудо бод, магар одамонро бар рӯйҳояшон– ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон– ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ (-и дӯзах) меафкананд?!" [Яъне ҷазои касе, ки дар байни мардум бадгӯӣ карда мегардад ин аст, ки ӯ аз рӯяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дӯзах андохта мешавад].
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ
"Худованд рӯзи қиёмат мардеро аз уммати ман дар баробари мардум ихтиёр намуда барои ӯ навадунуҳ китоб (саҳифаро)-ро мекушояд, ки дарозии ҳар саҳифаи он то ҷое ки чашм мебинад, (масофае ки чашми инсон мерасад) паҳн карда шуда аст. Сипас Худованд мефармояд: оё чизе аз ин навиштаҳоро инкор мекунӣ? Оё котибони ман ба ту зулм кардаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: оё ягон узре дори? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: аммо ту назди Мо (яъне дар номаи аъмолаш) як ҳасана (некӣ)-е дорӣ ва имрӯз бароят зулме раво дошта намешавад. Сипас порчае аз коғазеро меоранд, ки дар он навишта шудааст: Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу. Ба ӯ гуфта мешавад: ба назди тарозуят биё, мегӯяд: Парвардигоро ин баргаи коғаз дар баробари он саҳифаҳо чи ҳисоб мешавад ва чи вазн дорад? Худованд мегӯяд: ба ту зулму ситам нахоҳад шуд. Сипас он саҳифаҳо дар як паллаи тарозу гузошта мешаванд ва баргаи коғаз дар паллаи дигар, ва он саҳифаҳо ба ҳар тараф пароканда мешаванд ва паллае ки бар он барга гузошта шудааст вазнинӣ мекунад. Чизе дар баробари номи Аллоҳ вазнинтар аз он нест".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ
"Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ
Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ
"Ҳар кӣ ба касе зиён бирасонад, Аллоҳ бар ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ сахтгир бошад, Аллоҳ бар ӯ сахтгир аст".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам, дар ҳоли роҳ рафтан ба ӯ наздик шудам ва ба ӯ гуфтам: Эй Пёмбари Худо, аз амале бароям бигӯ, ки маро ба биҳишт дохил кунад ва аз оташи дӯзах дур созад". Паёмбар гуфт: «Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад: Худоро ибодат кунӣ ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рӯза бидорӣ; ва Хонаро ҳаҷ бикунӣ». Сипас гуфт: «Оё туро ба дарвозаҳои хайр далолат кунам?: Рӯза сипар аст (ки рӯзадорро аз азоби дӯзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне, ки об оташро хомӯш месозад; ва (дигаре аз дарвозаҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ширинро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд) [Сураи Саҷда, ояти 16].
Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кӯшиш барои пешрафти дин аст». Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Пас ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй Паёмбари Худо, оё барои он чи мо мегӯем, накӯҳиш карда мешавем?" Сипас гуфт: «Модарат дар мотамат нишинад, магар одамонро бар рӯйҳояшон - ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон– ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ меафкананд?!» [Яъне ҷазои касе, ки дар байни мардум бадгӯӣ карда мегардад ин аст, ки ӯ аз рӯяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дӯзах андохта мешавад].
Саҳеҳ ба маҷмуъи ривоятҳояш Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва дигарон