Skip to content

"Агар касе бародарашро дӯст бидорад, бигзор аз муҳаббаташ ӯро огаҳ кунад".

Аз Миқдом ибни Маъдӣ Кариб (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Агар касе бародарашро дӯст бидорад, бигзор аз муҳаббаташ ӯро огаҳ кунад".

«إِذَا أَحَبَّ الرَّجُلُ أَخَاهُ فَلْيُخْبِرْهُ أَنَّهُ يُحِبُّهُ».

Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ дар Кубро ва Аҳмад
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) яке аз авомили тақвияти робита ва густариши муҳаббат миёни муъминонро чунин баён медорад: "агар касе бародарашро дӯст дорад, ба ӯ бигӯяд, ки ӯро дӯст медорад".

Аз фоидаҳои ҳадис

Фазилати муҳаббат ва дӯстии холис барои Аллоҳ Таъоло, на барои манфиатҳои дунявӣ.

Огаҳ сохтани касе, ки ӯро танҳо барои Аллоҳ дӯст медоред амали нек ва мустаҳаб аст, то муҳаббат ва ошноӣ бештар гардад.

Густариши муҳаббат миёни муъминон бародариро мустаҳкам ва ҷомеаро аз парокандагӣ ва тафриқа нигоҳ медорад.

Манбаъҳо

Сунани Абудовуд (7/ 444) (5124).

Сунани Тирмизӣ (4/ 199) (2392).

Сунани кубро, Насоӣ (9/ 87) (9963).

Муснади Аҳмад (28/ 408) (17171).

Бештар (12)

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (1/ 450).

تطريز رياض الصالحين.

لفيصل المبارك (ص258).

رياض الصالحين للنووي.

(ص138) (383).

سلسلة الأحاديث الصحيحة وشيء من فقهها وفوائدها.

للألباني (1/ 777).

فيض القدير شرح الجامع الصغير.

للمناوي (1/ 247).

كنوز رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (6/ 279).