"Дар дунё қаноатманду парҳезгор бош, то сазовори дӯст доштани Худо бошӣ; аз (тамаъ кардани) ҳар чизе, ки мардум ба даст овардаанд, парҳез кун, то туро мардум дӯст бидоранд".
Аз Абулаббос Саҳл ибни Саъди Соъидӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "(Рӯзе) як мард назди Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт: Эй Паёмбари Худо, маро ба амале роҳнамоӣ кун, ки ҳар гоҳ онро иҷро кунам, сазовори дӯст доштани Аллоҳ ва мардум бошам". Паёмбар фармуд:
"Дар дунё қаноатманду парҳезгор бош, то сазовори дӯст доштани Худо бошӣ; аз (тамаъ кардани) ҳар чизе, ки мардум ба даст овардаанд, парҳез кун, то туро мардум дӯст бидоранд".
«ازْهَدْ فِي الدُّنْيَا يُحِبُّكَ اللَّهُ، وَازْهَدْ فِيمَا عِنْدَ النَّاسِ يُحِبُّكَ النَّاسُ».
Марде аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки кадом амалро иҷро кунам, то Худо маро дӯст дорад ва мардум низ маро дӯст доранд? Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Худо туро дӯст медорад, агар он чиро, ки аз дунё зиёдатӣ ва барои охиратат суд надорад, тарк кунӣ ва аз он чизе, ки ба дини ту зарар мерасонад, дурӣ ҷӯйӣ. Мардум дар ҳоле туро дӯст медоранд, ки агар нисбати он чизе, ки аз дунё дар дасти онҳо аст, берағбат бошӣ. Зеро мардум табиатан дунёро дӯст медоранд ва касе, ки бо онҳо барои дунё рақобат мекунад, онҳоро ғазабнок мекунад, вале касе, ки дунёро барояшон вогузорад, дӯсташ медоранд.
Фазилати зуҳд дар дунё, яъне раҳо кардани чизе, ки дар охират суде надорад.
Мартабаи зуҳд аз вараъ (парҳезгорӣ) болотар аст, зеро парҳезгорӣ тарки он чизе аст, ки метавонад зараровар бошад, дар ҳоле, ки зуҳд тарки он чизе аст, ки дар охират суде надорад.
Синдӣ гуфтааст: Дунё дар назари мардум дӯстдошта аст, ки ҳар кас бо онҳо дар он рақобат кунад, ҳамон қадар дар дилҳояшон бадбин мешавад ва касе ки онҳоро ва дӯстдоштаи онҳоро тарк кунад, ҳамон қадар дар дилҳояшон дӯстдошта мешавад.
Сунани ибни Моҷаҳ (5/ 225) (4102).
Бештар (7)
Чиҳил ҳадиси Нававӣ (ص118) (ح31).
التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية (ص73).
فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين (ص111).
الفوائد المستنبطة من الأربعين النووية.
للشيخ عبد الرحمن البراك (ص87).
الأحاديث الأربعون النووية وعليها الشرح الموجز المفيد.
لعبد الله بن صالح المحسن (1/61).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
4 КитобҳоБештар (4)
- رياض الصالحينرياض الصالحين مع فوائد وهدايات - 3«ازهَدْ في الدُّنْيَا يُحِبَّكَ اللهُ، وَازْهَدْ فِيمَا عِنْدَ النَّاسِ يُحِبَّكَ النَّاسُ».
- شرح الأربعين النووية«ازْهَدْ فِي الدُّنْيَا يُحِبُّك اللَّهُ، وَازْهَدْ فِيمَا عِنْدَ النَّاسِ يُحِبُّك النَّاسُ».
- مجموعة زاد الحديث(2)1(وازهدْ فيما عندَ الناسِ)
- مجموعة زاد الحديث(2)1(ازْهَدْ فِي الدُّنْيَا يُحِبَّكَ الله...)