Skip to content

"Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст

Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нақл мекунад, ки ӯ дар он чи аз Парвардигор Таборака ва Таъоло ривоят мекунад фармуд:

"Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст. Пас, ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ аз даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва аз он ҳам бештар менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро адо накард, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) як бадӣ менависад".

«إنَّ اللهَ كَتَبَ الحَسَنَاتِ وَالسَّيِّئَاتِ، ثُمَّ بَيَّنَ ذَلِكَ، فَمَنْ هَمَّ بِحَسَنَةٍ فَلَمْ يَعْمَلْهَا؛ كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ حَسَنَةً كَامِلَةً، وَإِنْ هَمَّ بِهَا فَعَمِلَهَا؛ كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ عَشْرَ حَسَنَاتٍ إلَى سَبْعِمِائَةِ ضِعْفٍ إلَى أَضْعَافٍ كَثِيرَةٍ، وَإِنْ هَمَّ بِسَيِّئَةٍ فَلَمْ يَعْمَلْهَا؛ كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ حَسَنَةً كَامِلَةً، وَإِنْ هَمَّ بِهَا فَعَمِلَهَا؛ كَتَبَهَا اللهُ سَيِّئَةً وَاحِدَةً».

Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ ва Муслим дар "Саҳеҳайн"-и худ бо ҳамин ҳуруф ривоят кардаанд
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованд некӣ ва бадиҳоро муқаррар намуда сипас бар ду фаришта чигуна навиштани онҳоро баён фармудааст: Ҳар кӣ ирода ва қасди анҷоми амали нек кунад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, агарчи онро анҷом надиҳад. Аммо агар онро анҷом диҳад аз даҳ то ҳафтсад ҳасана ва ҳатто бештар аз он барои ӯ навишта мешавад, ки он вобаста аст ба ихлос дар қалб ва бештар расонидани нафъ бар дигарон ва амалҳои дигаре ҳаммонанди он. Ҳаркӣ ирода ва қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, аммо агар ба сабаби машғул будан ва набуди фурсат барои анҷоми авомили расидан ба он онро тарк намояд чизе барои ӯ навишта намешавад. Агар ба сабаби аҷз ва нотавонӣ онро тарк намояд ончи дар қалб дошт навишта мешавад, аммо дар сурати анҷоми он барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ин ҳадис аз ҷумлаи ҳадисҳоест, ки Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Парвардигораш ривоят мекунад ва он ҳадиси қудсӣ ё илоҳӣ номида мешавад. Лафз ва маънои он аз ҷониби Аллоҳ аст, аммо вижагиҳои Қуръонро, ки аз дигар суханҳо фарқ мекунад, надорад; аз қабили ибодат маҳсуб шудани тиловати он, шарт будани таҳорат барои он, ба чолиш кашидани дигарон, муъҷиза будан ва ғайра.

Исботи он, ки Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро барои бандагонаш баён кардааст, то ин ки онро бидонанд ва дар кори худ соҳиби басират бошанд, сипас дар партави ҳидояти Парвардигорашон амри Ӯро ба ҷо оваранд ва аз наҳйи Ӯ дурӣ ҷӯянд.

Баёни фазли бузурги Худои Таъоло бар ин уммат, ки хубиҳояшон навишта ва барзиёд мешаванд ва бадиҳои онҳо навишта намешаванд, магар пас аз ба анҷом расонидан ва як бадӣ навишта шудани онҳо.

Зиёдатӣ дар афзоиш ёфтани ҳасанот вобаста аст ба ихлос дар қалб ва бештар расонидани нафъ бар дигарон ва амалҳои дигаре ҳаммонанди он, ки Худованд онро бо раҳмату фазли Худ афзоиш медиҳад.

Баёни фазле, ки барои банда ба сабаби тарки гуноҳ ва дурӣ ҷустан аз лаззати он ва тарки шаҳваташ ба хотири Парвардигораш, ба умеди савоби Ӯ ва аз тарси азоби Ӯ ҳосил мешавад.

Аз меҳрубонии Худованд бар ин уммат ин аст, ки аъмоли некашон барзиёд ва аъмоли бади онҳо танҳо якто навишта мешавад.

Навиштани ҳамаи амалҳо аз ҷониби фариштагон, аз қабили амалҳои дил ва аъзои бадан.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 103) (6491).

Саҳеҳ Муслим (1/ 118) (131).

Бештар (7)

التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية (ص85).

شرح الأربعين النووية.

لابن عثيمين (ص368).

فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين.

للعباد (ص125).

فتح الباري.

لابن حجر (11/ 324).