Skip to content

"Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад."

Аз Абуқатодаи Сулламӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад."

«إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمُ الْمَسْجِدَ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ قَبْلَ أَنْ يَجْلِسَ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро, ки дар ҳар вақте ва барои ҳар коре ба масҷид даромад, ташвиқ карданд, ки пеш аз нишастанаш ду ракаъат намоз бихонад, ва ин ду ракаъат "таҳияи масҷид" ном дорад.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Барои таҳияи масҷид ду ракаъат намоз хондан пеш аз нишастан дар масҷид мустаҳаб аст.

Ин амр барои касе аст, ки дар масҷид қасди нишастан дорад. Аммо касе, ки вориди масҷид шавад ва пеш аз нишастан хориҷ шавад, шомили ин амр нест.

Агар намозгузор вориди масҷид шавад ва бубинад, ки мардум дар ҳоли намози ҷамоат ҳастанд ва вориди намоз шавад, ҳамон намози ҷамоат ба ҷои ин ду ракаъат кифоят мекунад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 96) (444).

Саҳеҳ Муслим (1/ 495) (714).

Бештар (4)

المفهم لما أشكل من تلخيص كتاب مسلم (2/ 352).

فتح الباري لابن رجب (3/ 274).

التوضيح (5/524).

البحر المحيط الثجاج في شرح صحيح الإمام مسلم بن الحجاج (15/ 287).