"Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст".
Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст".
«إنَّ اللَّهَ تَجَاوَزَ لِي عَنْ أُمَّتِي الخَطَأَ وَالنِّسْيَانَ وَمَا اسْتُكْرِهُوا عَلَيْهِ».
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло барои уммати ӯ се ҳолатро афв кардааст: Аввал: Хато, яъне коре, ки бе қасд ва ният анҷом мешавад. Мусалмон мехоҳад кори дурустеро анҷом диҳад, вале амалаш баръакси қасдаш мебарояд. Аллоҳ дар чунин ҳолат афв мекунад, зеро он амдан набудааст. Дуюм: Фаромӯшӣ, яъне мусалмон чизеро дар ёд дорад, вале дар вақти амал онро фаромӯш мекунад. Дар чунин ҳолат низ бар ӯ гуноҳ нест, зеро фаромӯшӣ аз табиати инсон аст ва Аллоҳ Таъоло чунин ҳолатҳоро афв кардааст. Сеюм: Иҷбор, яъне шахсро маҷбур мекунанд, ки амале анҷом диҳад, дар ҳоле ки ӯ анҷом додани он амалро намехоҳад, вале наметавонад маҷбуриро бартараф кунад. Дар чунин ҳолат, бар ӯ гуноҳ нест ва гунаҳкор шуморида намешавад. Бо таваҷҷуҳ ба он ки мавзуи ҳадис дар мавриди он чи байни банда ва Парвардигораш дар анҷоми кори мамнуъ аст, аммо агар касе фармонеро (фаризае) фаромӯш карда тарк кунад, воҷиб аз ӯ соқит намешавад, бояд онро ҷуброн кунад (масалан, намози фаромӯшшударо қазо дорад). Агар амали ӯ, ҳарчанд хато ё маҷбурӣ анҷом шуда бошад, ба дигарон зиён расонад, ҳаққи мардум соқит намешавад. Масалан, агар касе нохост одаме кушта бошад, бар ӯ дия (ҷаримаи хун) лозим аст. Агар мошини касеро беқасд вайрон кунад, бояд зарарро ҷуброн кунад. Хулоса, ҳадис дар ҳаққи гуноҳони шахсӣ байни банда ва Худо сабукӣ медиҳад, вале ҳаққи мардум ҷуброн намешавад.
Гузашт ва раҳмати васеи Худованди Азза ва Ҷалла ва лутфи Ӯ ба бандагонаш дар он зоҳир аст, ки агар гуноҳ аз рӯи хато, фаромӯшӣ, ё маҷбурӣ содир шавад, гуноҳ бар гардани банда навишта намешавад.
Фазли Худо бар Паёмбари Акрам Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва уммати ӯ.
Бардошта шудани гуноҳ маънои бардошта шудани ҳукм ё замонатро надорад. Масалан, касе, ки таҳорат карданро фаромӯш кард ва намоз хонд, бо гумони он ки таҳорат дорад, барои ин амалаш гуноҳ намегирад, зеро фаромӯш кард. Аммо намозаш дуруст нест, чун шарт (таҳорат) вуҷуд надошт. Бояд таҳорат гирад ва намозро дубора ба ҷо оварад. Яъне, гуноҳ нест, вале масъулият ҳаст.
Барои он ки гуноҳ аз шахсе, ки ба сабаби иҷборӣ амалеро содир кардааст, бардошта шавад, шартҳое вуҷуд доранд. Аз ҷумла, қодир будани маҷбуркунанда (касе, ки таҳдид мекунад) бояд воқеан тавон дошта бошад, ки таҳдиди худро иҷро кунад, (масалан, ҷон, мол ё обрӯи шахсро ба хатар андозад).
Сунани ибни Моҷаҳ (3/ 200) (2045).
Сунани кубро-ӣ Байҳақӣ (7/ 584) (15094).
Бештар (5)
Чиҳил ҳадиси Нававӣ (ص127) (ح39).
التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية.
لإسماعيل الأنصاري (ص89).
شرح الأربعين النووية.
لابن عثيمين (ص382).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
7 КитобҳоБештар (7)
- المختصر في آداب السفر وصفة الحج والعمرة وآداب الزيارة والأدعية الجامعة مع ملحق بالفتاوى والمخالفات6- فتاوى الحج والعمرة والزيارة (للحرمين)«رُفِعَ عَنْ أُمَّتِي الخَطأُ والنِّسْيانُ وَمَا اسْتُكْرِهُوا عَلَيهِ».
- سؤال وجواب حول الإسلام«رُفِعَ عن أُمَّتي الخطأَ والنِّسيانَ وما استُكْرِهوا عليهِ»
- شرح الأربعين النووية«إنَّ اللَّهَ تَجَاوَزَ لِي عَنْ أُمَّتِي الْخَطَأَ وَالنِّسْيَانَ وَمَا اسْتُكْرِهُوا عَلَيْهِ».
- صفة الحج«إِنَّ اللهَ تَجَاوَزَ عَنْ أُمَّتِي الْخَطَأَ وَالنِّسْيَانَ وَمَا اسْتُكْرِهُوا عَلَيْهِ»[33].
- فتاوى الحج والعمرة والزيارة«رفع عن أمتي الخطأ والنسيان وما استكرهوا عليه».
- فتاوى الحج والعمرة والزيارةفتاوى الحج والعمرة والزيارة (للحرمين)«رفع عن أمتي الخطأ والنسيان وما استكرهوا عليه».
- مجموعة زاد التفسير (1)التفسير 1«إِنَّ اللَّهَ وَضَعَ عَنْ أُمَّتِى الْخَطَأَ وَالنِّسْيَانَ وَمَا اسْتُكْرِهُوا عَلَيْهِ» .