Skip to content

"Эй Билол! Намозро иқомат кун, моро бо он роҳат бидеҳ."

Аз Солим ибни Абулҷаъд ривоят аст, ки гуфт: Марде гуфт, ки кош намоз мехондам ва роҳат мешудам. Гӯё сухани ӯро бад шумориданд. Пас, ӯ гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

"Эй Билол! Намозро иқомат кун, моро бо он роҳат бидеҳ."

«يا بلالُ، أقِمِ الصَّلاةَ، أرِحْنا بها».

Ривояти Абудовуд
Саҳеҳ
Шарҳ

Марде аз асҳоб гуфт: Кош намоз мехондам ва истироҳат мекардам, гӯё атрофиёнаш ӯро дар ин кор маломат карданд, пас гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуд: Эй Билол! Барои намоз азон бигӯ ва намозро қоим бидор, то онро адо кунем ва бо он осуда шавем. Зеро намоз шомили муноҷот бо Аллоҳ ва роҳате барои руҳу дил аст.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Оромии дил бо намоз аст, зеро дар бар дорандаи муноҷот бо Аллоҳ аст.

Инкор бар касе, ки ибодатро сангин мешуморад.

Шахсе воҷиберо, ки бар уҳдааш аст, анҷом диҳад, барояш осоиш ва эҳсоси оромиш ҳосил мешавад.

Манбаъҳо

Сунани Абудовуд (7/ 338) (4985).

Бештар (4)

الكاشف عن حقائق السُّنن (4/1217).

عون المعبود وحاشية ابن القيم (13/ 225).

مرقاة المفاتيح (3/939).

شرح سنن أبي داود للعباد (567/ 6).