"Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам".
Аз Саҳл ибни Саъд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод ) фармуданд:
"Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам".
«مَنْ يَضْمَنْ لِي مَا بَيْنَ لَحْيَيْهِ وَمَا بَيْنَ رِجْلَيْهِ أَضْمَنْ لَهُ الْجَنَّةَ».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду чиз хабар додааст, ки агар мусалмон ба он пойбанд бошад, вориди биҳишт мешавад. Якум: ҳифзи забон аз сухане ки боиси хашму ғазаби Аллоҳ мешавад. Дуввум: ҳифзи шармгоҳ аз воқеъ шудан дар фаҳшо (зино). Зеро инсон бо ин ду узв бештар муртакиби гуноҳ мешавад.
...:
Ҳифзи забон ва шармгоҳ, роҳи расидан ба биҳишт аст.
Дар ин ҳадис аз забон ва шармгоҳ ба шакли вижа ном бурда шудааст, зеро барои инсон онҳо бузургтарин мусибат дар дунё ва охират ҳастанд.
Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 100) (6474).
Бештар (11)
بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.
تأليف سليم الهلالي (3/ 9).
نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.
تأليف د.
مصطفى الخِن وغيره (2/ 1035).
كنوز رياض الصالحين.
لمجموعة من الباحثين (18/ 85).
شرح رياض الصالحين.
لابن عثيمين (6/ 117).
إرشاد الساري لشرح صحيح البخاري.
للقسطلاني (9/ 272).