Skip to content

"Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод".

Аз Абумусои Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод".

«إِذَا مَرِضَ الْعَبْدُ أَوْ سَافَرَ كُتِبَ لَهُ مِثْلُ مَا كَانَ يَعْمَلُ مُقِيمًا صَحِيحًا».

Ривояти Бухорӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз фазл ва раҳмати Худованд мегӯяд, ки агар мусалмон дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш ба адои амали нек одат карда бошад, сипас барои ӯ узре пеш ояд, ба монанди беморӣ ва сафар, ки аз адои он амал оҷиз ояд, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш анҷом медод.

Аз фоидаҳои ҳадис

Фаровонии фазл ва неъмати Худованд бар бандагонаш.

Ташвиқ ба кӯшиш дар анҷоми ибодот ва аъмоли нек ва истифода аз вақт дар ҳоли тандурустӣ.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (4/ 57) (2996).

Бештар (6)

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (1/ 36).

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (1/ 211).

بهجة قلوب الأبرار وقرة عيون الأخيار في شرح جوامع الأخبار.

لعبد الرحمن السعدي (ص83).