Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

22 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ
"Ҳар кӣ ба касе зиён бирасонад, Аллоҳ бар ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ сахтгир бошад, Аллоҳ бар ӯ сахтгир аст".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Назди Аллоҳ Таъоло чизе гиромитар аз дуо нест".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Дар дунё қаноатманду парҳезгор бош, то сазовори дӯст доштани Худо бошӣ; аз (тамаъ кардани) ҳар чизе, ки мардум ба даст овардаанд, парҳез кун, то туро мардум дӯст бидоранд".
Нававӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст Ибни Моҷаҳ ва дигарон бо исноди ҳасан ривоят кардаанд
"Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям: (алиф, лом, мим), як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ду саҷда мегуфт: "Худоё бар ман мағфират кун ва бар ман раҳм кун ва бар ман офият бибахш ва манро ҳидоят кун ва бар ман ризқу рӯзи ато фармо".
Ҳасан ба шоҳидҳояш Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад