Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

12 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Агар шумо чуноне, ки шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд".
Саҳеҳ Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ, Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳи худ ва Ҳоким
"Касе, ки Қуръонро ошкор мехонад монанди касе аст, ки садақаро ошкор медиҳад, ва касе, ки Қуръонро пинҳон мехонад монанди касе аст, ки садақаро пинҳон медиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Насоӣ
Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон шудан омадам, манро амр кард, ки бо об ва сидр ғусл кунам.
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Насоӣ
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Яке аз мо дар худ чизеро эҳсос мекунад -бо дастонаш ишора карда-, ки хокистар шудан барояш авлотар аз он аст, ки онро ба забон биёрад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд бузург аст, Худованд бузург аст, ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ки найранги ӯро ба васваса табдил дод".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд ва Насоӣ дар Кубро
"Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст."
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Насоӣ ва Аҳмад
"Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
Саҳеҳ Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷаҳ
"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Насоӣ