Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

2 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Filter
Pick a property to filter by
الفئة المستهدفة1
حجم المحتوى2
التخريج المتعدد2

Дараҷаи ҳадис

Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло фармуд: Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад. Ва бандаам ҳамвора бо нафлҳо ба ман наздики меҷӯяд, то ин ки дӯсташ бидорам ва чун дӯсташ доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пойи ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Ва агар аз ман бихоҳад, қатъан, ба ӯ ато хоҳам кард ва агар аз ман паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ хоҳам дод. Ва дар ҳеҷ коре, ки анҷомаш медиҳам, ба андозаи гирифтани ҷони муъмин тараддуд накардаам, ӯ маргро намеписандад ва ман ҳам озори ӯро намеписандам".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
التصنيف الشرعيأحكام الولاء والبراء، فضائل الأعمال الصالحة، أحوال الصالحين، توحيد الأسماء والصفاتموضوعات الحديثالدعاء، معاداة أولياء الله وأذيتهم، المحبة
"Ҳар касе намози бомдодро хонад, дар амон ва ҳимояти Аллоҳ аст, Пас (ҳушёр бошед, ки) Аллоҳ барои дар ҳимоят ва амон гирифтанаш аз шумо чизе нахоҳад, зеро ҳар кӣ аз Ӯ дар бораи амон ва ҳимояташ бипурсад, ӯро гирифтор созад, сипас ӯро бар рӯяш ба оташи дӯзах андозад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
التصنيف الشرعيوجوب الصلاة وفضلها وحكم تاركهاموضوعات الحديثالظلم، معاداة أولياء الله وأذيتهم، مكانة الصلاة وفضلها