Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

81 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амакаш гуфт: "Бигу: нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ, то дар рӯзи қиёмат бароят гувоҳӣ бидиҳам". Гуфт: агар таънаи Қурайш бар ман намебуд ва аз сухани онҳо, ки ӯро тарс ба ин кор водошт, эмин мебудам, бо (гуфтани) он чашмонатро равшан мекардам. Худованд ин оятро нозил фармуд: ([Эй паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад (Қасас: 56))
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ ба мардум раҳм намекунад, Аллоҳ Таоло ба ӯ раҳм намекунад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалол ва ҳаром чизҳои шубҳанок вуҷӯд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд, пас ҳар касе аз онҳо бипарҳезад дин ва шарафи худро нигоҳ доштааст, ва ҳар касе дар умури шубҳанок афтад дар ҳаром афтидааст, монанди чӯпоне, ки рамаи худро атрофи ҳарими дигарон мечаронад ва эҳтимоли ворид шудани рама ба ҳарими онон аст. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳ ҳарими худро дорад ва огоҳ бошед, ки ҳарими Худованд ҳамон ҳаромкардаҳои Ӯ Таъолост. Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае ҳаст, ки агар он дуруст шавад тамоми бадан дуруст мешавад, ва агар он вайрон ша­вад тамоми бадан вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он гӯштпора қалб аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Агар касе бародарашро дӯст бидорад, бигзор аз муҳаббаташ ӯро огаҳ кунад".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ дар Кубро ва Аҳмад