Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

97 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Ровӣ

Намоиши ҳамаи ровиён (49)
"Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паембари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро панҷ рӯз пеш аз маргаш шунидам, ки мегуфт: "Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд, агар аз миёни умматам халиле мегирифтам, бешак Абубакрро халили худ қарор медодам. Огоҳ бошед, ки пешиниёни шумо қабрҳои паёмбарони худро масҷид мегирифтанд, шуморо ҳушдор медиҳам, ки қабрҳоро масҷид қарор надиҳед, ман шуморо аз ин кор бозмедорам".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ
"Ҳар кӣ ба касе зиён бирасонад, Аллоҳ бар ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ сахтгир бошад, Аллоҳ бар ӯ сахтгир аст".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172]. Сипас Паёамбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, Эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст". Гуфтам: Эй расули Худо! Чигуна илм аз байн меравад, дар ҳоле ки мо Қуръонро мехонем ва онро ба фарзандони худ меомӯзонем ва фарзандони мо низ ба фарзандони худ меомӯзонанд ва ҳамин гуна то рӯзи қиёмат идома хоҳад ёфт? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Эй Зиёд! Модарат дар азоят бинишинад, туро аз фақеҳтарин мардони Мадина фикр мекардам, оё намебинӣ, ки яҳудиён ва насрониён Таврот ва Инҷилро мехонанд ва ба ҳеҷ яке аз фармудаҳои он амал намекунанд?".
Саҳеҳ лиғайриҳи Ривояти ибни Моҷаҳ
"Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳар ки бар ман як дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ бор дуруд хоҳад фиристод. Сипас аз Аллоҳ барои ман "васила"-ро бихоҳед, зеро он манзилате аст дар биҳишт, ки танҳо шоистаи яке аз бандагони Аллоҳ аст ва умедворам он ман бошам. Пас ҳар ки барои ман "васила"-ро бихоҳад, шафоат баҳраи ӯ хоҳад шуд."
Саҳеҳ Ривояти Муслим