Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

52 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
ӯ назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Шайтон миёни ман ва намози ман ворид шудааст ва дар хонданам барои ман мушкилӣ эҷод мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:" Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун". Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед; мусулмон бародари мусулмон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост». -Ва ба синаи худ се бор ишорат кард– «Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд". Гуфтам: Эй Расули Худо ин қотил аст, аммо гуноҳи мақтул чист? Фармуданд: "Ӯ низ мехост ҷониби муқобилро бикушад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ