Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

13 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ"
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ дар Кубро ва Аҳмад
التصنيف الشرعيوصف القرآن وفضائله، آداب تلاوة القرآن الكريم، صفات الجنة والنارموضوعات الحديثتلاوة القرآن، القرآن وعلومه، الإيمان باليوم الآخر
" Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед, ва на инки дар маҷолис болонишин бошед, зеро ҳар касе чунин кунад, ҷояш ҷаҳаннам аст, ҷаҳаннам".
Саҳеҳ Ривояти ибни Моҷаҳ
التصنيف الشرعيآداب العالم والمتعلم، أمراض القلوب، ذَمُّ الهوى والشَّهواتموضوعات الحديثالمراء والجدال بالباطل، الإخلاص، الرياء
"Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
التصنيف الشرعيوصف القرآن وفضائله، آداب تلاوة القرآن الكريمموضوعات الحديثتلاوة القرآن، القرآن وعلومه
"Ҳар гоҳ яке аз шумо таом бихӯрад, бо дасти росташ бихӯрад ва агар нӯшид бо дасти росташ бинӯшад, зеро шайтон бо дасти чапаш мехӯрад ва менӯшад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
التصنيف الشرعيأحكام التشبه، آداب الأكل والشربموضوعات الحديثالتشبه بالكفار، آداب الأكل والشرب
"Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне, ки онҷо аст ба ӯ зиёне нахоҳад расид".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
التصنيف الشرعيآداب وأحكام السفر، الأذكار للأمور العارضةموضوعات الحديثالذِّكْر