Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

38 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"
Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст. Ривояти Тирмизӣ
"Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Мо назди Умар будем ва ӯ гуфт: мо аз такаллуф наҳй шудаем.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи