"Ҳар кӣ ба мардум раҳм намекунад, Аллоҳ Таоло ба ӯ раҳм намекунад".
Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳар кӣ ба мардум раҳм намекунад, Аллоҳ Таоло ба ӯ раҳм намекунад".
«مَنْ لَا يَرْحَمِ النَّاسَ لَا يَرْحَمْهُ اللهُ عَزَّ وَجَلَّ».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар кӣ ба мардум раҳм накунад Аллоҳи Мутаъол низ бар ӯ раҳм намекунад. Раҳму меҳрубонӣ бар халқ аз бузургтарин авомили касби раҳмати Худованд аст.
Раҳму шафқат бар ҳама мавҷудот лозим аст, аммо бинобар аҳамияти вижа ба мардумон, ба таври хос аз онон ном бурда шудааст.
Аллоҳ меҳрубон аст ва бар бандагони меҳрубонаш меҳрубон аст, пас подош аз ҷинси амал аст.
Меҳрубонӣ ба мардум, яъне некӣ кардан ба онҳо, дафъи бадӣ аз онҳо ва рафтори меҳрубонона доштан ба онҳост.
Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 10) (6013).
Саҳеҳ Муслим (4/ 1809) (2319).
Бештар (5)
شرح رياض الصالحين.
لابن عثيمين (2/ 553).
نزهة المتقين شرح رياض الصالحين (1/ 247).
بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.
لسليم الهلالي (1/ 319).