Skip to content

"Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?"Гуфтем: Оре. Фармуд: "се ояте, ки шумо дар намоз мехонед, беҳтар аз се шутури ҳомиладори фарбеҳ аст".

«أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ إِذَا رَجَعَ إِلَى أَهْلِهِ أَنْ يَجِدَ فِيهِ ثَلَاثَ خَلِفَاتٍ عِظَامٍ سِمَانٍ؟» قُلْنَا: نَعَمْ. قَالَ: «فَثَلَاثُ آيَاتٍ يَقْرَأُ بِهِنَّ أَحَدُكُمْ فِي صَلَاتِهِ خَيْرٌ لَهُ مِنْ ثَلَاثِ خَلِفَاتٍ عِظَامٍ سِمَانٍ».

Ривояти Муслим
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) подоши се оят, ки дар намоз хонда мешавадро беҳтар аз он донистаанд, ки касе дар хонаи худ се шутури ҳомиладори фарбеҳ дошта бошад.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Баёни фазилати хондани Қуръон дар намоз.

Амали нек беҳтар ва мондагортар аз мол ва матоъи фаношавандаи ин дунё аст.

Фазилати мазкур муқаяд танҳо ба хондани се оят нест, балки намозгузор ҳар қадар оятҳои бештар дар намоз бихонад, подоши он бештар аз он аст, ки ба адади он шутурҳои ҳомилаи фарбеҳ дошта бошад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (1/ 552) (802).

Бештар (4)

إكمال المعلم (3/172).

الإفصاح عن معاني الصِّحاح (8/65).

فتح المنعم شرح صحيح مسلم (3/620).

البحر المحيط الثجاج (16/343).