Skip to content

"Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад: (Ва барои ёди ман намоз бар по дор) (Тоҳо, ояти 14).

«مَنْ نَسِيَ صَلَاةً فَلْيُصَلِّ إِذَا ذَكَرَهَا، لَا كَفَّارَةَ لَهَا إِلَّا ذَلِكَ: {وَأَقِمِ الصَّلاةَ لِذِكْرِي} [طه: 14]».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳар ки намози фарзро фаромӯш кард, то ин ки вақташ гузашт, бояд ба маҳзи ёдоварӣ онро қазоӣ бихонад, зеро гуноҳи тарки он, каффора ва поккунандае надорад, магар ин ки мусалмон ҳарвақт ба ёдаш омад, онро адо кунад. Худованд дар китоби каримаш мефармояд: "Ва барои ёди ман намоз бар по дор." (Сураи Тоҳо, ояти 14). Яъне, намози фаромӯшшударо ҳаргоҳ ба ёд овардӣ бихон.

Аз фоидаҳои ҳадис

Баёни аҳамияти намоз ва саҳлангорӣ накардан дар адо ва қазои он.

Қасдан ва бидуни узр ба таъхир андохтани намоз аз вақти муайяншуда ҷоиз нест.

Қазои намоз барои касе, ки адо карданашро фаромӯш карда бошад ё касе, ки дар хоб монда бошад, ба маҳзи ба ёд овардан ё бедор шудан, воҷиб аст.

Қазои фаврии намозҳо, ҳатто агар дар вақтҳои наҳйи ҳам бошад, воҷиб аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 122) (597).

Саҳеҳ Муслим (1/ 477) (684).

Бештар (2)

فتح الباري لابن حجر (2/ 71).

البحر المحيط الثجاج في شرح صحيح الإمام مسلم بن الحجاج (14/ 612).