"Агар мард ба қасди касби аҷр ба хонаводаи худ инфоқ кунад барояш садақа навишта мешавад".
Аз Абумасъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Агар мард ба қасди касби аҷр ба хонаводаи худ инфоқ кунад барояш садақа навишта мешавад".
«إِذَا أَنْفَقَ الرَّجُلُ عَلَى أَهْلِهِ يَحْتَسِبُهَا فَهُوَ لَهُ صَدَقَةٌ».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки агар марде ба умеди касби подош ба хонаводаи худ, ки инфоқ бар онон бар худи ӯ воҷиб аст, ба монанди ҳамсар, падару модар, фарзандон ва ғайра ва аз Аллоҳ интизори савоби онро дорад, барояш подоши садақа хоҳад буд.
...:
Касби подош бо инфоқ кардан бар аҳли худ.
Муъмин дар амали худ ризои Худованд ва аҷру подош аз Ӯ Таъолоро мехоҳад.
Банда бояд ҳар амалеро бо нияти нек анҷом диҳад, аз ҷумла ҳангоми нафақа кардан ба хонаводаи худ.
Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 20) (55).
Саҳеҳ Муслим (2/ 695) (1002).
Бештар (8)
كنوز رياض الصالحين.
لمجموعة من الباحثين (5/ 334).
شرح رياض الصالحين.
لابن عثيمين (3/ 157).
نزهة المتقين بشرح رياض الصالحين.
لمصطفى الخن وغيره (1/ 293).
بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.
سليم الهلالي (1/ 375).