Skip to content

"Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад".

«مَنْ أَنْظَرَ مُعْسِرًا، أَوْ وَضَعَ لَهُ، أَظَلَّهُ اللهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ تَحْتَ ظِلِّ عَرْشِهِ يَوْمَ لَا ظِلَّ إِلَّا ظِلُّهُ».

Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳар касе ба шахсе, ки аз ӯ қарздор аст муҳлат диҳад ё аз қарзи ӯ кам кунад, подошаш он аст, ки вақте рӯзи қиёмат хуршед бар сари бандагон наздик мешавад ва гармияш болои онҳо шиддат меёбад, Худованд ӯро зери сояи арши Худ қарор медиҳад, рӯзе, ки дар он касе ҷуз сояи Худованд соя нахоҳад ёфт.

Маънои калимаҳо

عرشه: العرش هو المخلوق العظيم الذي استوى عليه الرحمن، ولا يقدر قدرَه إلا الله عز وجل.

Аз фоидаҳои ҳадис

Фазилати осонгирӣ бар бандагони Аллоҳ Таъоло ва баёни инки он аз сабабҳои наҷот ёфтан аз ваҳшат ва сахтиҳои рӯзи қиёмат аст.

Муҷозот ва подош вобаста ба амал аст.

Манбаъҳо

Сунани Тирмизӣ (2/ 575) (1306).

Муснади Аҳмад (14/ 329) (8711).

Бештар (8)

كنوز رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (16/ 412).

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (2/ 459).

فيض القدير شرح الجامع الصغير.

للمناوي (6/ 89).

نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (2/ 947).