عربي - Arabic English Qafár af - Afar Afrikaans - Afrikanns Akan Shqip - Albanian አማርኛ - Amharic Հայերեն - Armenian অসমীয়া - Assamese Azərbaycanca - Azerbaijani Bamanankan - Bambara Bassa Bemba বাংলা - Bengali Bosanski - Bosnian Български - Bulgarian မြန်မာဘာသာ - Burmese Bisaya - Cebuano Cham Нохчий - Chechen chiCheŵa - Chewa 中文 - Chinese Адыгэбзэ - Circassian Hrvatski - Croatian Česky - Czech Dagbani Dansk - Danish فارسی دری - Dari Dendi ދިވެހި ބަސް - Dhivehi Nederlands - Dutch إستوني - Estonian Suomi - Finnish Français - French Fulfulde - Fula ქართული - Georgian Deutsch - German Ελληνικά - Greek ગુજરાતી - Gujrati Kreyòl ayisyen - Haitian Creole Hausa हिन्दी - Hindi Magyar - Hungarian Igbo Indonesia - Indonesian Italiano - Italian 日本語 - Japanese Jóola - Jola ಕನ್ನಡ - Kannada Қазақша - Kazakh ភាសាខ្មែរ - Khmer Kikuyu Ikinyarwanda - Kinyarwanda Ikirundi - Kirundi 한국어 - Korean كوردی سۆرانی - kurdish كوردي kurmancî - Kurmanji Kyrgyz ລາວ - Lao latviešu - Latvian Lingala lietuvių - Lithuanian Luganda Македонски - Macedonian Maguindanaon Malagasy - Malagasy Bahasa Melayu - Malay മലയാളം - Malayalam Mandinka मराठी - Marathi Mõõré - Moore नेपाली - Nepali أنكو - NKo Norwegian ଓଡ଼ିଆ - Odia oromoo - Oromo پښتو - Pashto فارسی - Persian Polski - Polish Portuguese ਪੰਜਾਬੀ - Punjabi Română - Romanian Русский - Russian Српски - Serbian Shona සිංහල - Sinhala Slovenščina - Slovenian Soomaaliga - Somali Soninke Sesotho - Sotho Español - Spanish Kiswahili - Swahili Svenska - Swedish Tagalog Тоҷикӣ - Tajik தமிழ் - Tamil తెలుగు - Telugu ไทย - Thai ትግረኛ - Tigrinya Türkçe - Turkish Ukrainian اردو - Urdu ئۇيغۇرچە - Uyghur Ўзбек - Uzbek Việt Nam - Vietnamese Wolof Yao Yorùbá - Yoruba Zarma زولو - Zulu
287 Ҳадисҳо
Донишномаи аҳодиси набавӣ
Категорияҳо
Дараҷаи ҳадис
Ривоят шуда дар
Намоиши манбаъҳои дигар
Ровӣ
Намоиши ҳамаи ровиён (86)
Ман навҷавоне таҳти сарпарастии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам ва дастам дар табақи таом ҳар тараф мерафт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт:" Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр". Баъд аз он ҳамавақт таом хӯрдани ман ин гуна буд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Марде аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) суол карда пурсид: "Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам ва ба онҳо чизе наафзоям, ба биҳишт дохил мешавам?" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «"Оре".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Аллоҳ Таъоло мефармояд: Намозро миёни худам ва бандаам ду тақсим кардам ва барои бандаам ҳар он чи бихоҳад, ҳаст. Пас чун банда бигӯяд: (Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро ситоиш кард. Ва чун бигӯяд: (Ар-Раҳмонир-Раҳим) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро сано гуфт. Ва чун бигӯяд: (Молики явмид-дин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бандаам манро ба бузургӣ ситуд - ва боре гуфт: Бандаи ман ба ман вакил шуд-. Ва чун бигӯяд: (Иёка наъбуду ва иёка настаъин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин байни ман ва бандаам аст ва барои бандаам ҳарчи бихоҳад, ҳаст. Ва чун бигӯяд: (Иҳдинас-сиротал-мустақим, сиротал-лазина анъамта алайҳим ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ин барои бандаам аст ва барои бандаам ҳар он чизе бихоҳад, дода мешавад."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Марди нобиное назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ман роҳнамо надорам то манро ба масҷид бирасонад ва аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷоза хост то намозашро дар хона гузорад, Паёмбари Худо ба ӯ иҷоза дод, ва чун хост биравад ӯро нидо кард ва гуфт: "Оё нидои намоз (азон)-ро мешунавӣ?" Гуфт: Бале. Паёмбари Худо фармуд: пас иҷобат кун".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи