Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

43 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Худованд рӯзи қиёмат мардеро аз уммати ман дар баробари мардум ихтиёр намуда барои ӯ навадунуҳ китоб (саҳифаро)-ро мекушояд, ки дарозии ҳар саҳифаи он то ҷое ки чашм мебинад, (масофае ки чашми инсон мерасад) паҳн карда шуда аст. Сипас Худованд мефармояд: оё чизе аз ин навиштаҳоро инкор мекунӣ? Оё котибони ман ба ту зулм кардаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: оё ягон узре дори? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: аммо ту назди Мо (яъне дар номаи аъмолаш) як ҳасана (некӣ)-е дорӣ ва имрӯз бароят зулме раво дошта намешавад. Сипас порчае аз коғазеро меоранд, ки дар он навишта шудааст: Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу. Ба ӯ гуфта мешавад: ба назди тарозуят биё, мегӯяд: Парвардигоро ин баргаи коғаз дар баробари он саҳифаҳо чи ҳисоб мешавад ва чи вазн дорад? Худованд мегӯяд: ба ту зулму ситам нахоҳад шуд. Сипас он саҳифаҳо дар як паллаи тарозу гузошта мешаванд ва баргаи коғаз дар паллаи дигар, ва он саҳифаҳо ба ҳар тараф пароканда мешаванд ва паллае ки бар он барга гузошта шудааст вазнинӣ мекунад. Чизе дар баробари номи Аллоҳ вазнинтар аз он нест".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ
"Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
Рӯзе пушти сари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (бар маркаб нишаста) будам, ки фармуданд: "Эй ҷавон! Ба ту чанд панд меомӯзонам, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, ӯ Таъолоро пеши рӯи худ биёбӣ. Агар чизе мехоҳӣ, аз Худо бихоҳ ва агар ёрӣ мехоҳӣ аз Худо ёрӣ бихоҳ. Бидон агар тамоми мардумон ҷамъ оянд, то туро ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ончи Худо бар ту навиштааст, ва агар тамоми мардумон ҷамъ оянд то бар ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд магар ончи, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва саҳифаҳо хушк шудаанд".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ
"Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"
Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст. Ривояти Тирмизӣ
"Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ
" Худованд мисоли роҳи рост (Сироти мустақим)-ро ин гуна баён медорад, ки дар ду тарафи он девор аст ва дар он деворҳо дарҳои боз ва бар дарҳо пардаҳо овезон аст. Назди дари "Сирот" касе истодааст, ки мегӯяд: эй мардум! Ҳамагон вориди ин роҳ (-и рост) шавед ва каҷравӣ накунед. Нидокунандаи дигаре бар сари он роҳ аст, ки агар касе бихоҳад яке аз он дарҳоро боз кунад (яъне пардаи онро кушояд), мегӯяд: вой бар ту он дарро боз накун, ки дохили он мешавӣ. Сирот (роҳ) ҳамон Ислом аст ва деворҳо ҳамон ҳудуд, ки Худованд гузоштааст ва дарҳои боз ҳаромкардаҳои Аллоҳ. Нидокунандае ки бар сари роҳ аст, китоби Аллоҳ ва даъваткунандае ки болои роҳ аст панддиҳандае аз ҷониби Аллоҳ дар дили ҳар як мусалмон аст"
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад