Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

4 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад
" Худоё! қабри маро чун бутхона магардон, Аллоҳ лаънат кунад қавмеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд".
Саҳеҳ Ривояти Аҳмад
"Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дар ҳукм лаънат намудаанд."
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад