Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

14 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд, гуфта мешавад: оё медонӣ пас аз ту чи амалҳое анҷом додаанд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Анас ибни Молик ба мо гуфт: марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид, ки эй Паёмбари Аллоҳ! Кофир чигуна бар рӯяш ҳашр мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оё касе, ки дар дунё ӯро бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест рӯзи қиёмат ӯро он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад"? Қатода гуфт: Оре, ба иззат ва ҷалоли Парвардигорамон.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
ба Паёмбари Худо гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Зарфҳои ҳавз чигуна ҳастанд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Қасам ба Онки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст, зарфҳои ҳавз бештар аз ситорагони осмон ҳастанд, ки дар шаби торик ва беабр дида мешаванд, ҳар касе аз зарфҳои биҳишт бинӯшад дигар ташна намешавад, аз ду новадони биҳишт ба он об мерезад, касе аз он бинӯшад дигар ташна намешавад. Андозаи паҳноӣ ва тӯли он баробар аст, андозаи он ба монанди фосилаи миёни Уммон ва Айла аст, оби он сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал аст".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт. Аммо кофир барои некиҳояш дар дунё рӯзӣ дода мешавад ва барои охират чизе аз некиҳояш намемонад то барояш подош дода шавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд. Сипас чиҳил рӯзи дигар ба хунпора табдил меёбад, пас аз он чиҳил рӯзи дигар ҳамчун гӯштпора. Сипас фаришта фиристода мешавад ва ба навиштани чаҳор чиз: ризқ, марг, амал ва инки ӯ бадбахт аст ё хушбахт, амр шуда, дар ӯ рӯҳ дамонда мешавад. Савганд ба зоте, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, яке аз шумо амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва ҷаннат ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали дӯзахиёнро анҷом дода, вориди ҷаҳаннам мешавад. Ҳамин гуна яке аз шумо амали дӯзахиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва дӯзах ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
" Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд. (Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. (Анъом: 158)). Қиёмат дар ҳоле фаро мерасад, ки ду мард дар ҳоли хариду фурӯши матоъи худ ҳастанд, аммо на хариду фурӯши худро ба поён мерасонанд ва на фурсат барои ҷамъ кардани он хоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде шири шутури худро ҷӯшида аммо фурсат барои нӯшидани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи худро таъмир мекунад, аммо аз он об наменӯшад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки яке аз шумо луқмаи нонро ба тарафи даҳонаш мебарад, аммо онро намехӯрад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи