Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

16 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Ҳар касе назди шумо омад, дар ҳоле ки шумо бар (итоати) як мард ҷамъ шуда иттифоқ кардаед ва хост то дар байни шумо тафриқа андозад ё ҷамоати шуморо аз ҳам ҷудо созад, ӯро бикушед."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Рӯзе Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар миёни мо бархост ва ба мо мавъизае кард, ки дилҳоямонро ба ларза овард ва чашмонамонро ашколуд сохт. Пас гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ! моро мавъизае гуфтӣ мисли мавъизаи видоъкунанда буд, пас моро тавсияе бикун. Фармуданд: "Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед, инро бо дандонҳои курсиятон бигиред ва аз корҳои навпайдо барҳазар бошед, зеро ҳар чизи навпайдо (дар дин) гумроҳӣ аст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Худоё ҳар касе масъулияте бар умматамро бар уҳда гирифт ва бар онон сахтгирӣ намуд, бар ӯ сахтгир бош ва ҳар касе масъулияте бар умматамро ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубонӣ кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осонгир бош".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо, байъат кардем ва ин ки дар бораи амр (ҳукмронӣ) бо аҳли он даргир нашавем ва ин ки ҳарҷо бошем ҳақро бигӯем ва дар роҳи Аллоҳ аз сарзаниши сарзанишгар натарсем.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед. Ба он сахт чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ нигоҳ доред. Ва аз корҳои навпайдо (дар дин) эҳтиёт кунед, зеро ҳар бидъате гумроҳист".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ