Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

74 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Худованд рӯзи қиёмат мардеро аз уммати ман дар баробари мардум ихтиёр намуда барои ӯ навадунуҳ китоб (саҳифаро)-ро мекушояд, ки дарозии ҳар саҳифаи он то ҷое ки чашм мебинад, (масофае ки чашми инсон мерасад) паҳн карда шуда аст. Сипас Худованд мефармояд: оё чизе аз ин навиштаҳоро инкор мекунӣ? Оё котибони ман ба ту зулм кардаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: оё ягон узре дори? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: аммо ту назди Мо (яъне дар номаи аъмолаш) як ҳасана (некӣ)-е дорӣ ва имрӯз бароят зулме раво дошта намешавад. Сипас порчае аз коғазеро меоранд, ки дар он навишта шудааст: Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу. Ба ӯ гуфта мешавад: ба назди тарозуят биё, мегӯяд: Парвардигоро ин баргаи коғаз дар баробари он саҳифаҳо чи ҳисоб мешавад ва чи вазн дорад? Худованд мегӯяд: ба ту зулму ситам нахоҳад шуд. Сипас он саҳифаҳо дар як паллаи тарозу гузошта мешаванд ва баргаи коғаз дар паллаи дигар, ва он саҳифаҳо ба ҳар тараф пароканда мешаванд ва паллае ки бар он барга гузошта шудааст вазнинӣ мекунад. Чизе дар баробари номи Аллоҳ вазнинтар аз он нест".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ
"Суханчин вориди биҳишт намешавад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Ҳар гоҳ яке аз шумо таом бихӯрад, бо дасти росташ бихӯрад ва агар нӯшид бо дасти росташ бинӯшад, зеро шайтон бо дасти чапаш мехӯрад ва менӯшад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Мо назди Умар будем ва ӯ гуфт: мо аз такаллуф наҳй шудаем.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Дуо ибодат аст", сипас ин оятро қироат фармуданд: "Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд". (Сураи Ғофир: 60)
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад