Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

74 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
«Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Марде ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: маро насиҳат кун. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун". Он мард чанд бор аз Паёмбар насиҳат хост, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсидам, фармуданд: "Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кори нек садақа аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ аз ҳадиси Ҷобир ва ривояти Муслим аз ҳадиси Ҳузайфа
"Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалол ва ҳаром чизҳои шубҳанок вуҷӯд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд, пас ҳар касе аз онҳо бипарҳезад дин ва шарафи худро нигоҳ доштааст, ва ҳар касе дар умури шубҳанок афтад дар ҳаром афтидааст, монанди чӯпоне, ки рамаи худро атрофи ҳарими дигарон мечаронад ва эҳтимоли ворид шудани рама ба ҳарими онон аст. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳ ҳарими худро дорад ва огоҳ бошед, ки ҳарими Худованд ҳамон ҳаромкардаҳои Ӯ Таъолост. Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае ҳаст, ки агар он дуруст шавад тамоми бадан дуруст мешавад, ва агар он вайрон ша­вад тамоми бадан вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он гӯштпора қалб аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас (муаззин) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ. Сипас гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алас-салот, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алал-фалоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, инҳоро аз самими дил гуфт, ба биҳишт дохил шавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим