Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

52 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Ҳар кас даҳ бор "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулк ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ало кулли шайъин қадир", (Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, Ӯ Таъоло яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст, ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност) бигӯяд, подошаш монанди касе аст, ки чаҳор нафар (ғулом) аз фарзандони Исмоилро озод кардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амакаш гуфт: "Бигу: нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ, то дар рӯзи қиёмат бароят гувоҳӣ бидиҳам". Гуфт: агар таънаи Қурайш бар ман намебуд ва аз сухани онҳо, ки ӯро тарс ба ин кор водошт, эмин мебудам, бо (гуфтани) он чашмонатро равшан мекардам. Худованд ин оятро нозил фармуд: ([Эй паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад (Қасас: 56))
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ ба мардум раҳм намекунад, Аллоҳ Таоло ба ӯ раҳм намекунад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи