Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

7 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
" Марг ба шакли қучқори сиёҳ-сафед оварда мешавад ва садо карда мешавад: эй биҳиштиён! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда гӯш фаро медиҳанд ва нидокунанда мегӯяд: оё инро мешиносед? Биҳиштиён, ки ҳама онро дидаанд ва мешиносанд мегӯянд бале ин марг аст. Сипас ба тарафи дузахиён садо карда мешавад ва дузахиён сарҳои худро баланд карда ба сӯи нидокунанда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Дузахиён низ, ки онро дидаанд ва мешиносанд, мегӯянд: оре, ин марг аст. Сипас он кушта мешавад ва ба биҳиштиён гуфта мешавад, ки инҷо барои шумо ҷовидонӣ аст ва дигар марг барои шумо нест. Ҳамин гуна ба аҳли дӯзах гуфта мешавад, ки инҷо ҷовидонӣ аст ва дигар марг вуҷӯд надорад. Сипас Паёмбари Худо ин ду оятро хонд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ­­, ки чун кор ба поён расад. (аҳли дунё дар ғафлатанд) ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд. (Марям: 39)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад