Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

6 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Чор чиз аст, ки агар дар шахсе бошанд, он шахс мунофиқи холис аст ва агар яке аз онҳо дар ӯ бошад, ба хислате аз хислатҳои нифоқ муттасиф гардидааст, магар он, ки он хислатро тарк намояд: Чун сухан бигӯяд, дурӯғ гӯяд; агар ваъда диҳад хилофи ваъдааш амал кунад; агар душманӣ кунад аз ҳад мегузарад; агар аҳду паймон бибандад, хиёнат кунад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд". Гуфтам: Эй Расули Худо ин қотил аст, аммо гуноҳи мақтул чист? Фармуданд: "Ӯ низ мехост ҷониби муқобилро бикушад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед" Гуфтанд: эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хурдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани мӯъмини ноогоҳ".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ