Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

97 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Ровӣ

Намоиши ҳамаи ровиён (49)
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
Саҳеҳ Ривояти Муслим ва Аҳмад
"Ҳар кӣ фолбинӣ кунад ё назди фолбин биравад, ғайб ва пешгӯӣ кунад ё назди касе биравад барояш пешгӯӣ кунад, ё ҳар касе сеҳр кунад ва ё назди соҳир биравад, аз мо нест, ва ҳар касе назди коҳин биравад ва ӯро тасдиқ кунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст, куфр варзидааст".
Ҳасан Ривояти Баззор
"Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст. Пас, ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ аз даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва аз он ҳам бештар менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро адо накард, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) як бадӣ менависад".
Саҳеҳ Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ ва Муслим дар "Саҳеҳайн"-и худ бо ҳамин ҳуруф ривоят кардаанд
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд. Пас, вақте чунин карданд, ҷон ва молашонро аз ман ҳифз кардаанд, магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисобашон назди Аллоҳ аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш ривоят оварда мефармояд: "Ҳамоно Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишта сипас онҳоро баён фармудааст, пас касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом дода натавонад, Худованд барои ӯ як ҳасанаи комил менависад. Агар касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барои ӯ аз даҳ то ҳафтсад баробар ҳасана ва ҳатто бештар аз он менависад. Агар касе қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, Худованд барои ӯ як ҳасана менависад, аммо агар қасд кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барояш танҳо як бадӣ менависад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Он чи шуморо аз он наҳй кардаам, аз он дурӣ биҷӯед ва он чи шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед. Ба дурустӣ, он умматонеро, ки пеш аз шумо буданд, саволҳои бисёрашон ва ихтилофашон бар паёмбарон ҳалок кардааст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Дар яке аз сафарҳо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд ва Расули Аллоҳ дар ҳоле, ки мардум барои шабгузаронӣ ҷойгир шуда буданд касеро фиристод ва фармуд: "Ҳар шутур, ки дар гардан ресмон ва гарданбанд дорад бурида шавад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи