Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

97 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Ровӣ

Намоиши ҳамаи ровиён (49)
Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм (робитаи хешутаборӣ) бар ҷой меовард ва бар мискинон таъом медод, оё ин амалаш ба ӯ суд дорад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ба ӯ ҳеҷ нафъе надорад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ривояте аз Аллоҳ Таборак ва Таоло меорад, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед!. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ӯро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб кунед, то шуморо роҳнамоӣ кунам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ӯро таом додаам, пас аз Ман талаб кунед то шуморо бихуронам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо бараҳнаед, магар касе, ки ӯро пӯшонидаам, пас аз Ман бихоҳед то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳастам, ки гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омӯрзиш биталабед, то шуморо биомурзам. Эй бандагони Ман шумо ҳаргиз наметавонед ба Ман зараре бирасонед ва ҳаргиз фоидае бар Ман наметавонед бирасонед. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо, инс ва ҷинни шумо ҳама бар парҳезгортарин қалби фарде аз шумо (ҷамъ) оянд, ҳеҷ чизе дар мулки Ман намеафзояд. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама бар бадкирдортарин қалби як фарде аз шумо (ҷамъ) оянд ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намекунад. Эй бандагони Ман! агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама дар як майдон (ҷамъ) оянд ва аз Ман хоҳиш кунанд ва ба ҳар яки шумо ончи мехоҳандро бидиҳам, ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намешавад, магар ба андозаи як сӯзан, ки дар баҳр фурӯ бурда шавад. Эй бандагони Ман! Ин амалҳои шумо аст, ки онҳоро барои шумо бармешуморам, сипас (подоши) онҳоро барои шумо комил медиҳам, пас ҳар кӣ хайр ва некӣ дарёфт Худоро ҳамд гӯяд ва ҳар кӣ ғайри онро дарёфт, ҷуз худаш касеро маломат накунад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ худро ба қавме монанд бисозад, аз зумраи онон аст".
Ҳасан Ривояти Абудовуд ва Аҳмад
"Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад".
Нававӣ гуфта: Ҳадиси саҳеҳ аст Ин ҳадисро дар китоби ал-Ҳуҷҷат бо санади саҳеҳ ривоят кардаем.
"Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ
"Амалҳо вобаста ба ният ҳастанд ва барои ҳар кас ҳамон хоҳад буд, ки барои расидан ба он ният кардааст, пас касе ҳиҷраташ ба сӯи Аллоҳ ва расулаш бошад, ҳиҷрати ӯ ба сӯи Аллоҳ ва расулаш аст, ва касе ҳиҷрати ӯ барои моли дунё бошад, ё занеро ба никоҳи худ дароварад, пас ҳиҷрати ӯ барои чизе аст, ки ба ҳадафи расидан ба он ҳиҷрат кардааст". Дар ривояти Бухорӣ омадааст: "Албатта амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд ва барои ҳар шахс он чизе аст, ки ба қасди расидан ба он ният кардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳамоно Худованд пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон, аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон, аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172]. Сипас паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Рӯзе мо назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногоҳ марде зоҳир шуд, ки дар тан либосҳои бисёр сафед ва мӯйи сари бисёр сиёҳ дошт ва ҳеҷ асаре аз сафар (гард ва ғубор) бар ӯ дида намешуд ва касе аз мо низ ӯро намешинохт. Ӯ назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонуҳои худро бар зонуҳои он ҳазрат расонида кафҳои дастонашро болои ронҳояш гузошт ва гуфт: "Эй Муҳаммад маро аз Ислом хабар деҳ!" Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар бод) гуфт:" Ислом ин аст, ки: шаҳодат бидиҳӣ нест маъбуде барҳақ ҷуз Худо ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, намозро барпой дорӣ, закот бидиҳӣ, рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар тавонои онро дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: "Мо аз он мард таъаҷҷуб кардем, ки худ суол мекунад ва боз мегӯяд: "Рост гуфтӣ". Он мард боз аз Паёмбари Худо пурсид: "Маро аз имон хабар бидеҳ?". Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират имон дошта бошӣ, ҳамон гуна, ки ба тақдир ва неку бади он имон дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ ва сипас гуфт: маро аз эҳсон хабар бидеҳ?" Паёмбари Худо гуфт: "Эҳсон он аст, ки Худоро онгуна бипарастӣ, ки гуё Ӯро мебинӣ, агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад". Он мард гуфт: "Аз (омадани) рӯзи қиёмат маро хабар деҳ!" Паёмбари Худо гуфт: "Дар ин маврид шахсе, ки аз ӯ суол мекунед донотар аз суолкунанда нест". Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рӯз маро бигӯ!" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Аз нишонаҳои қиёмат ин аст, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд ва фақирони луч ва пойбараҳна, ва чӯпононро бубинӣ, ки дар қасру баландошёнасозӣ бо ҳам сабқат кунанд". Сипас он мард бархост ва аз назди мо рафт. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз андаке аз ман пурсид: "Эй Умар! Оё медонӣ ин марди суолкунанда кӣ буд?" Умар гуфт: "Худо ва паёмбараш беҳтар медонанд" Паёмбари Худо Гуфт: "Ӯ Ҷабраил аст, омада буд то барои шумо динатонро биомӯзад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим