Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

12 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Гурӯҳе аз асҳоби Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди эшон омаданд ва аз ӯ (с) пурсиданд: Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд. Бинобар ин ҳаргоҳ шуморо аз чизе боздоштам, аз он дурӣ намоед ва чун шуморо ба анҷоми коре дастур додам, то ҷое, ки метавонед ба он амал кунед".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
" Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд. (Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. (Анъом: 158)). Қиёмат дар ҳоле фаро мерасад, ки ду мард дар ҳоли хариду фурӯши матоъи худ ҳастанд, аммо на хариду фурӯши худро ба поён мерасонанд ва на фурсат барои ҷамъ кардани он хоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде шири шутури худро ҷӯшида аммо фурсат барои нӯшидани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи худро таъмир мекунад, аммо аз он об наменӯшад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки яке аз шумо луқмаи нонро ба тарафи даҳонаш мебарад, аммо онро намехӯрад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Қиёмат барпо намешавад, то онки шумо бо яҳудиён меҷангед, ҳатто санге, ки яҳудӣ пушти он пинҳон шудааст мегӯяд: эй мусалмон! Ин яҳудӣ аст пушти ман пинҳон шудааст, ӯро бикуш".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи