Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

52 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалол ва ҳаром чизҳои шубҳанок вуҷӯд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд, пас ҳар касе аз онҳо бипарҳезад дин ва шарафи худро нигоҳ доштааст, ва ҳар касе дар умури шубҳанок афтад дар ҳаром афтидааст, монанди чӯпоне, ки рамаи худро атрофи ҳарими дигарон мечаронад ва эҳтимоли ворид шудани рама ба ҳарими онон аст. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳ ҳарими худро дорад ва огоҳ бошед, ки ҳарими Худованд ҳамон ҳаромкардаҳои Ӯ Таъолост. Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае ҳаст, ки агар он дуруст шавад тамоми бадан дуруст мешавад, ва агар он вайрон ша­вад тамоми бадан вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он гӯштпора қалб аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
Саҳеҳ Ривояти Муслим ва Аҳмад
"Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар кас мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад. Пас ҳар ки ба сӯйи Аллоҳ ва Расулаш ҳиҷрат кард, ҳиҷрати ӯ ба сӯйи Аллоҳ ва Расули Ӯст. Ва ҳар кас, ки ҳиҷраташ ба сӯйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба хотири издивоҷ бо зане бошад, ки ӯро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи ҳамон чизе аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст".
Саҳеҳ Ин ҳадисро ду имоми муҳаддисон Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоъил ибни Иброҳим ибни ал-Муғира ибни Бардизбеҳ ал-Бухорӣ ва имом Абулҳусайн Муслим ибни ал-Ҳаҷҷоҷ ибни Муслими Қушайрии Нишопурӣ, Худованд аз ҳардуи онҳо розӣ бод, дар китобҳои "Саҳеҳайн"-и худ, ки саҳеҳтарини китобҳои таснифшуда мебошанд, ривоят кардаанд.
"Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба сӯйи Аллоҳ Таъоло тавба кунад, ки агар гуноҳи касе бар мо ошкор гашт, ҳукми Қуръонро бар ӯ ҷорӣ хоҳем кард".
Саҳеҳ Ривояти Ҳоким ва Байҳақӣ
"Ман пас аз худ барои мардон озмоише зиёновартар аз занон боқӣ нагузоштам"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад".
Нававӣ гуфта: Ҳадиси саҳеҳ аст Ин ҳадисро дар китоби ал-Ҳуҷҷат бо санади саҳеҳ ривоят кардаем.