Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

52 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то инки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
" Марг ба шакли қучқори сиёҳ-сафед оварда мешавад ва садо карда мешавад: эй биҳиштиён! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда гӯш фаро медиҳанд ва нидокунанда мегӯяд: оё инро мешиносед? Биҳиштиён, ки ҳама онро дидаанд ва мешиносанд мегӯянд бале ин марг аст. Сипас ба тарафи дузахиён садо карда мешавад ва дузахиён сарҳои худро баланд карда ба сӯи нидокунанда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Дузахиён низ, ки онро дидаанд ва мешиносанд, мегӯянд: оре, ин марг аст. Сипас он кушта мешавад ва ба биҳиштиён гуфта мешавад, ки инҷо барои шумо ҷовидонӣ аст ва дигар марг барои шумо нест. Ҳамин гуна ба аҳли дӯзах гуфта мешавад, ки инҷо ҷовидонӣ аст ва дигар марг вуҷӯд надорад. Сипас Паёмбари Худо ин ду оятро хонд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ­­, ки чун кор ба поён расад. (аҳли дунё дар ғафлатанд) ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд. (Марям: 39)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам."
Саҳеҳ Ривояти Муслим