Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

25 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Оё шуморо аз бузургтарин (гуноҳони) кабира огоҳ насозам?". Се маротиба такрор карданд. Гуфтанд: Бале, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: "Шарик овардан ба Аллоҳ ва нофармонӣ кардан ба падару модар". Дар ҳоле ки такя карда буд, нишаст ва фармуд: "Огоҳ бошед (яке аз бузургтарин гуноҳи кабира ин) сухан ва гувоҳии дурӯғ аст". Ровӣ мегӯяд: Ҳамчунон инро такрор мекард, то ин ки гуфтем, кош сукут мекарданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ ба мардум раҳм намекунад, Аллоҳ Таоло ба ӯ раҳм намекунад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ".
Саҳеҳ Ривояти Муслим